1. Ҳисоби ибораҳои тамоманӣ
Дар қисми рости оператори таъйинкунӣ (аломат =) метавонад ҳар гуна ибора — комбинатсияи ададҳо, тағйирёбандаҳо ва аломатҳои +
, -
, *
, /
.
Ҳамин тавр, метавон аз қайдҳо истифода бурд ( )
. Дар Java, мисли дар математика, аввал ибораҳо дар дохили қайдҳо ҳисоб мешаванд, ва баъдан — берун аз он.
Зарб ва тақсимкунӣ афзалияти баробар доранд, ва афзалияти онҳо аз ҷамъ ва тарҳ калонтар аст.
Мисолҳо:
Фармон | Эзоҳ |
---|---|
|
Дар тағйирёбанда арзиш 8 мешавад |
|
Дар тағйирёбанда арзиш 1 мешавад |
|
Дар тағйирёбанда арзиш 6 мешавад |
|
Дар иҷрои ин фармон ба хатое «тақсимкунӣ ба сифр» оварда мерасонад, ва барнома қатъ мешавад. |
Ҳамчунин дар ибора тағйирёбандаҳо иштирок мекунанд:
Фармон | Эзоҳ |
---|---|
|
Дар тағйирёбандаи a арзиш 1 мешавадДар тағйирёбандаи b арзиш 2 мешавадДар тағйирёбандаи c арзиш 4 мешавад |
Зиёда бар ин, як тағйирёбанда метавонад ҳам дар тарафи чапи ва ҳам дар тарафи рости оператори таъйинкунӣ бошад:
Фармон | Эзоҳ |
---|---|
|
Дар тағйирёбандаи x арзиш 5 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 6 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 7 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 8 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 9 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 10 мешавад |
Ҳама гап дар он аст, ки дар забони Java аломати =
– ин нишонаи баробарӣ нест, балки фармонест, ки дар тағйирёбандаи дар тарафи чапи аломати =
арзиши ҳисобшудаи ибораи дар тарафи рост аз аломати =
-ро мегузаронад.
2. Тақсимкунии ададҳои тамом
Дар Java ҳангоми тақсимкунии адади тамом ба адади тамом ҳамеша адади тамом ҳосил мешавад. Боқимонда аз тақсимкунӣ дар ин ҳолат бурида мешавад. Ё мумкин аст бигӯем, ки қисми каср бурида мешавад.
Мисолҳо:
Фармон | Натиҷаи тақсимкунӣ | Эзоҳ |
---|---|---|
|
2.5 |
Дар тағйирёбандаи a арзиши 2 мешавад |
|
6.6667 |
Дар тағйирёбандаи b арзиши 6 мешавад |
|
-1.2 |
Дар тағйирёбандаи c арзиши -1 мешавад |
|
0.5 |
Дар тағйирёбандаи d арзиши 0 мешавад |
3. Боқимонда аз тақсимкунии ададҳои тамом
Илова бар ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимкунӣ барои ададҳои тамом дар Java боз оператори «бақияи тақсимкунӣ» вуҷуд дорад. Барои ин аз аломати фоиз – %
истифода мешавад. Ин албатта бақияи тақсимкунӣ аст, на қисми каср.
Мисолҳо:
Фармон | Натиҷаи тақсимкунӣ | Эзоҳ |
---|---|---|
|
2 ва 1 дар боқимонда |
Дар тағйирёбандаи a арзиши 1 мешавад |
|
5 ва 0 дар боқимонда |
Дар тағйирёбандаи b арзиши 0 мешавад |
|
1 ва 4 дар боқимонда |
Дар тағйирёбандаи c арзиши 4 мешавад |
|
0 ва 1 дар боқимонда |
Дар тағйирёбандаи d арзиши 1 мешавад |
Ин оператор хеле муфид аст, ва он хеле зиëда истифода мешавад. Масалан, барои маълум кардан, ки рақам ҷуфт аст ё не, кофист онро ба 2
тақсим карда, ва боқимондаро бо сифр муқоис кард. Агар боқимонда аз тақсимкунӣ ба сифр баробар бошад, рақам ҷуфт аст, агар ба як баробар бошад — тофт аст.
Ин санҷиш чунин аст:
(a % 2) == 0
Дар ин ҷое, ки шумо шояд пай бурдед, a % 2
– ба даст овардани боқимонда аз тақсимкунӣ ба 2
(ё 0
ё 1
), ва ==
барои муқоис бо сифр истифода мешавад.
4. Инкремент ва декремент
Дар барномасозӣ бисёр вақт лозим меояд, ки тағйирёбандаро ба як зиёд ё кам кунем. Барои ин амалҳо дар Java фармонҳои махсус вуҷуд доранд:
Оператори инкремент (зиëд кардани ба як) чунин менамуд аст:
a++;
Ин фармон ҳамон чизест, ки фармони a = a + 1;
мекунад – тағйирёбандаи a
-ро ба як зиёд мекунад.
Оператори декремент (кам кардани ба як) чунин менамуд аст:
a--;
Ин фармон ҳамон чизест, ки фармони a = a - 1;
мекунад – тағйирёбандаи a
-ро ба як кам мекунад.
Мисолҳо:
Фармон | Эзоҳ |
---|---|
|
Дар тағйирёбандаи x арзиш 5 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 6 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 7 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 8 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 9 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 10 мешавад |
|
Дар тағйирёбандаи x арзиш 5 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 4 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 3 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 2 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 1 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш 0 мешавадДар тағйирёбандаи x арзиш -1 мешавад |
GO TO FULL VERSION